Насима
22 сола

Ман трансгендер ҳастам. Худшиносӣ осон набуд, хусусан пеш аз он ки ман дӯстон пайдо кардам. Ман шонздаҳсола будам ва худро танҳо ҳис мекардам. Аз барои оилаам барои ман мушкил буд, ман аз рӯи шахсият ва ориентатсияаам дар бораи оянда бисёр фикр мекардам.


Ман дар назди хоҳарам дар бораи ки буданам накл кардам. Аз он хавотир будам, ки вай ба ман назарпурси мекунад ё беэътиноӣ мекунад. Аммо вақте ки ман инро кардам, ҳис мекардам, ки болу пар дорам.


Ман худро мусалмон мешуморам. Аммо худи дин барои ман он қадар муҳим нест, зеро ман ба Худо боварӣ дорам, на ба одамон. Дин дар ҳаёти ман нақши калон надорад. Агар ман аз ҳад диндор бошам, агар ман худро фишор диҳам ва бори худро аз ҳад зиёд кунам ... Ман намехоҳам. Ин аз сабаби шахсиятам ба ман душвор аст. Аммо дар рамазон руза мегирам , хайр мекунам. Агар касе гӯяд, ки одамони ЛГБТ бояд сангсор карда шаванд, ман намефаҳмам, ки чаро онҳо чунин фикр мекунанд.


Уфуқҳои ман (кругозор), дӯстони ман, ки ҳам дар бораи ислом ва ҳам дар бораи одамони ЛГБТ маълумот доранд . Огоҳӣ будан, дониш доштан ин чизҳо устувор мекунанд.


Ман шахси ЛГБТ ҳастам ва барои ман ин маънои озодиро дорад. Ҳама баробаранд.


Ман мусалмонам ва танҳо ба Аллоҳ имон дорам.


Ман тоҷикам ва худам зебо ҳастам. Ман фикр мекунам, ки ҳама тоҷикон зебо ҳастанд.


Ба назари ман, одамони ЛГБТ набояд дар бораи гузашта ё оянда фикр кунанд, дар ҳоли ҳозир зиндагӣ кунанд. Фикр кардан ва донистани он, ки ҳар коре, ки мекунӣ, ҳатто агар ту мусулмони еквир бошӣ ҳам, хуб аст ва ту низ хуб ҳасти.



This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website